Вохӯрӣ бо Сардори Раёсати Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зокирҷон Саидов

20.10.2023 14:44

Рӯзи 19 октябри соли 2023  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Сардори навтаъини Раёсати Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. О. Саидов мулоқот  кард.

Дар оғози суҳбат А. Раҳмонзода Зокирҷон Озодовичро ба муносибати тайин гардиданаш ба вазифаи Сардори Раёсати  Осиёи Марказӣ табрик намуда, ба ӯ барори кор орзу намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи равобити дӯстона миёни ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, ва ғайра иброз намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи санадҳои баимзорасида, аз ҷумла оид ба густариш ва тавсияи ҳамкориҳо дар самти кооператсия маврди баррасӣ қарор гирифтанд.

Суҳбат дар фазои дӯстона баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg