Рӯзҳои 2 ва 3 - уми ноябри соли 2023 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо як ҳайати босалоҳият дар кори конференсияи минтиқавӣ ва Форуми сеюми зиддикоррупсионии Тошканд иштирок намуд. Дар доираи Форуми мазкур Директори Агентӣ С. Султонзода баромад карда, дар маросими ифтитоҳи платформаи минтақавӣ барои пайгирии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи коррупсия (UNCAC) дар Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Баъдан дар қатори намояндагони расмии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ба фаъолияти Платформаи мазкур ҳусни оғоз бахшид.
Дар кори Форум намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвари иқомат ширкат варзиданд.
Сипас, вохӯрии роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Султонзода ва Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳуриии Ӯзбекистон Акмал Бурҳонов доир гардида, дар ҷамбасти мулоқот Нақшаи фаълоияти агентиҳои ду кишвар дар соли 2024 ба имзо расонида шуд.
Дар кори Форуми сеюми зидикоррупсионии Тошканд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода иштирок намуд.
Мулоқот ва чорабиниҳо дар фазои дӯстона баргузор гардиданд.