Рӯзи 24- уми ноябри соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Сафири навтаъйни Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Муҳаммад Алии Искандарӣ дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот доир намуд.
Дар доираи мулоқот масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии сеҷониба баррасӣ шуданд. Дар охири суҳбат Роҳбари намояндагии Тоҷикистон ба Сафири кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг барори кор орзу намуд.