Рӯзи 27 ноябри соли 2023 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Венгрия Йожеф Рожа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Венгрия дар соҳаҳои мухталиф, махсусан ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳангу сайёҳӣ инчунин роҳандозии робитаҳои наздики миёни тоҷирони ду кишвар изҳори андеша намуданд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва эътимод ба анҷом расид.