Рӯзи 29 ноябри соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Г. Юсупов мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои истифодаи имкониятҳои васеи равобити дӯстона миёни ду кишвар изҳори назар намуда, ҷиҳати сари вақт омода кардани лоиҳаи созишнома дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ пешниҳодҳои судманд иброз карданд.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба густариш бахшидани ҳамкорҳо ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаи илмҳои дақиқ, техникӣ, технологияи рақамӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 310 Шурои илмӣ мавҷуд аст, ки дар омода кардани кадрҳои баланихтисос нақши муҳим мегузоранд.