Вохӯрӣ бо Сафири навтаъини Малайзия дар Тоҷикистон Илҳом Туах Иллёс

29.11.2023 13:55

Рӯзи 29 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Сафири навтаъини Малайзия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Тошканд) Илҳом Туах Иллёс доир гардид.

Дар оғози суҳбат А. Раҳмонзода Илҳом Туах Иллёсро ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи Сафири Малайзия дар Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти пурмасъул бурдбориҳо орзу намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи ҳамкории байни ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, ва ғайра иброз намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариш ва тавсияи ҳамкориҳо дар самти кооператсияи саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия, изҳори назар карда шуд.

Суҳбат дар фазои дӯстона  баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg