Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

07.12.2023 13:47

5 декабри соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон ва Украина бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Б. Саидов иштирок кард.

Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ,  Гурҷистон, Украина бо Ӯзбекистон дар заминаи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷи муносибатҳои дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзебӣ намуда, саҳм ва нақши сарони ду давлатро дар рушди муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид намуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳии байни кишварҳо тасдиқ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg