Рӯзи 21 декабри соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Бангладеш дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳаммад Ислом доир гардид.
Дар оғози суҳбат А. Раҳмонзода М. Муҳаммад Исломро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Бангладеш дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти пурмасъул бурдбориҳо орзу намуд.
Муҳаммад Ислом аз шиносоӣ бо ҳамкасби худ хушҳолӣ баён карда, омодагиии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Дар рафти мулоқот дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ матраҳ гардиданд.