Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо...

27.12.2023 15:02

Рӯзи 23 декабри соли 2023 дар толори Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хотири таҷлили ҷашни Соли нави мелодӣ чорабинӣ доир гардида, дар он бо иштироки адибон, рӯзноманигорон ва зиёиёни тоҷики муқими Ӯзбекистон китобҳои нави Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода “Пайғоми дӯстӣ” ва “Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат”, ки ба масъалаҳои равобити адабии халқҳои тоҷик ва ӯзбек ва мавқеи дипломатияи фарҳангӣ дар шароити кунунӣ бахшида шудаанд,  баргузор гардид.

Дар аввал муаллиф оид ба муҳтавои китобҳои мазкур маълумот дода, нақши ду сарвари давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёвро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародар муҳим арзёбӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи муҳтавои асарҳояш ба таври иҷмолӣ маълумот манзур намуд. Сипас, адиби шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Ҷаъфар Холмӯъминов, доктори илми таърих, Комилҷон Раҳимов, адиби шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Абдулло Субҳон ва дигарон баромад карда, назару андешаҳояшонро нисбат ба мазмуни рисолаҳои мазкур баён доштанд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ ба чанд тан омӯзгорону рӯзноманигорон ва санъаткорони тоҷики муқими Ӯзбекистон, аз ҷумла Ӯзбакбой Раҳмонов, Холбика Нурназарова, Дилмурод Қӯзиев, Фармон Азимов, Ҳомид Ҳомидӣ, Комилҷон Раҳимов  унвонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои Сафорат тақдим карда шуд. Шахсони мазкур солҳои зиёд дар соҳаи илм, маориф ва санъат хидмат карда, подоши заҳматҳои онҳо аз ҷониби роҳбарони сохторҳои марбутаи кишварамон қадр карда шуданд.

Дар охири чорабинӣ санъакорони тоҷики вилоятҳои Қашқадарё ва Навоӣ хотири ҳозиринро бо сурудҳои ватандӯстона ва таранумгари дӯстиву бародарӣ шод намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg