Рӯзи 4 январи соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо муовини навтаъини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Нуримбетов вохӯрӣ доир намуд.
Дар оғози суҳбат А. Раҳмонзода Р. Нуримбетовро ба муносибати муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шуданашон табрик намуда, барояшон бурдбориҳо орзу намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи ҳамкориҳои байни ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра иброз намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи санадҳои баимзорасида, аз ҷумла оид ба густариш ва тавсияи ҳамкориҳо дар самти кооператсияи саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори назар карда шуд.
Суҳбат дар фазои дӯстонаю бародарона баргузор гардид.