Рӯзи 9 январи соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Раҳмонзода дар толори бинои Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Тошканд ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро вобаста ба оқибатҳои фоҷиабори ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон гардид, ба давлат ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз намуд.