Вохӯрии Сафир бо Ректори Донишгоҳи милии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек

12.01.2024 21:38
Рӯзи 12 январи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек Иномҷон Маҷидов вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти суҳбат тарафҳо доир ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи илму маориф ва шароитҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, инчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳо миёни мактабҳои олии ду кишвар изҳори назар намуданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни донишгоҳи мазкур ва сохторҳои марбутаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро низ мусбат арзёбӣ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg