Рӯзи 12 январи соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидро дар самти густариш ва тавсияи ҳамкориҳо дар самти кооператсияи саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, оид ба рушди ҳамкориҳо дар самти боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ андешаронӣ намуданд.
Суҳбат дар фазои дӯстонаю бародарона ва таҳкими ҳар чи бештари ҳамкориҳо дар самти кишоварзӣ баргузор гардид.