Рӯзи 10 январи соли 2024 бо даъвати Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Ж. Ваҳобов мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон А. Раҳмонзода Ҷ. Ваҳобовро ба мақоми Директори нави Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, ки яке аз муассисаҳои муҳимми таҳлилу тадқиқотии Ӯзбекистон мебошад, табрику муборакбод гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбӣ таманно намуд.
Ҷонибҳо дар суханрониҳои хеш нақши созандаи ду роҳбари давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёевро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародар ва ҳамсоя муҳим арзёбӣ карданд.
Дар мулоқот атрофи муҳимтарин паҳлӯҳои робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин ҳамкориҳои муштарак дар рушди муносибатҳои илмӣ ва таҳлилӣ-тадқиқотӣ табодули назар қарор гирифт.