Вохӯрӣ бо Сафири навтаъйини Султанати Уммон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

19.01.2024 18:02

Рӯзи 19 январи соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Сафири навтаъйини Султанати Уммон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хонум ал Саида Вафо Ҷабр Носир Ал Бусаидӣ вохӯрӣ доир намуд.

Дар оғози суҳбат А. Раҳмонзода хонум ал-Саида Вафо Ҷабрро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафири Султанати Уммон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик намуда, дар фаъолияти кориашон бурдбориҳо орзу намуд.

Хонум ал Саида Вафо Ҷабр аз шиносоӣ бо ҳамкасби худ хушҳолӣ баён карда, омодагиии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Дар рафти мулоқот дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ матраҳ гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg