Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир

30.01.2024 16:18

Рӯзи 30 январи соли 2024 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Нахуст А. Раҳмонзода муҳтарам Муҳамад Иркиро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик намуда, дар фаъолияташ бурдбориҳо орзу намуд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ  ва гуманитарӣ байни се кишвар баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо инчунин тақвияти ҳамкориро дар самти мубодилаи устодон ва донишҷӯён баррасӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg