Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон

26.02.2024 18:15

24 феврали соли 2024 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Л. Қудратов доир гардид.

Ҷонибҳо аҳаммияти иҷрои саривақтӣ ва рафти татбиқи ҳуҷҷатҳои имзошударо қайд намуданд.

Дар хотима ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноатии ду кишвар фаъол сохта, нақшаҳои тарафайнро мувофиқа карда, пешниҳодҳо таҳия кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба чораҳои зарурӣ андешанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg