Дар чорабинии мазкур инчунин Вазири сиёсати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов, Раиси Федератсияи ҷудои Ӯзбекистон Азизҷон Комилов, инчунин масъулини Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) иштирок карданд. Директори генералии IJF Влад Маринеску ба сухан баромада, қайд кард, ки имсол Ӯзбекистон ба мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" омодагии муносиб дидааст.
Дар ин мусобиқа 495 ҷудочӣ аз 68 кишвари ҷаҳон барои медалҳо мубориза бурданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг сазовори медали тилло гашт.
Дар ҷараёни мусобиқа миёни Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Директори генералии ҷудо IJF ҷиҳати дар соли 2024 дар Душанбе доир гаштани мусобиқа қарордод ба имзо расид.
Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуд.