Мулоқоти Сафир бо Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон

19.03.2024 16:31

18 марти соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қ. Шарипов мулоқот намуд.

Зимни мулоқот, ҳолати кунунӣ ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия баррасӣ гардида, мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯен, конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобила, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф муҳокима гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо Форуми дуюми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки моҳи апрели соли 2024 дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст барраси карда, масъалаҳои ташкилии баргузории намоишгоҳи таълимии донишгоҳҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро ҳамоҳанг намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg