Рӯзи 25 марти соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Саидов мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи равобити дӯстона миёни ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба ҷадвали мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олӣ, пешбурди фаъолияти дипломатияи иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштарак иброз намуданд.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ баргузории чорабиниҳо дар ҳошияи мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Суҳбат дар фазои дӯстона баргузор гардид.