Мулоқоти судманд доир ба рушди соҳаи тандурустӣ

06.04.2024 20:39

Рӯзи 05 апрели соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Асилбек Анварович Худоёров мулоқот намуд.

Дар аввал Вазири тандурустӣ Сафирро хайрамақдам гуфта, аз сиёсати хирадмандонаи ду Сарвари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ёдовар шуд ва омодагиашро ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи тандустӣ бо кишвари мо баён кард.  Ҳамзамон, таъкид дошт, ки тайёр аст, робитаро дар ин самти муҳим таҳким бахшад ва ҷиҳати зиёд кардани санадҳои ҳамкорӣ, багузор кардани чорабиниҳои муштарак, ба омӯзиши касбомӯзӣ ҷалб кардани мутахассисони тоҷик, таъсиси марказу корхонаҳои дорузсозии муштарак ва фаъол кардани кори хадамоти беҳдоштиву санитарӣ ва масъалаҳои дигари ҳамкориро таҳким бахшад.

Пасон, Сафири Тоҷикистон ба Вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Худоёров барои муҳайё кардани шароити бештар ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ изҳори ташаккур намуда, умед бар он намуд, ки дар оянда равобити дӯстона миёни кормандони соҳаи тандурустӣ беҳтар хоҳанд гашт ва табибони ин соҳа аз таҷрибаи ҳамдигар истифода хоҳанд кард.

Сӯҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg