Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

14.04.2024 20:19

14 апрели соли 2024 дар ҳошияи ҷаласаи дуюми муколамаи стратегии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” дар Тошканд  вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов баргузор гашт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg