Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс

16.04.2024 12:51

14 апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи баргузории Ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс оид ба Муколамаи стратегӣ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс Ҷосим Муҳаммад Ал-Будайвӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Шурои мазкурро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg