Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт

16.04.2024 13:18

Дар ҳошияи Нишасти дуюми муколамаи стратегии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс 15 апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, амниятӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg