Баргузории Форуми занони Осиё - 2024

13.05.2024 11:50

Рӯзи 13 майи соли 2024 дар шаҳри Самарқанд Форуми занони Осиё-2024 ба кори худ оғоз кард, ки ду рӯз идома меёбад. Дар ин Форум беш аз сӣ кишаври Осиё, намояндагони Парламент, вазирон, муовинони вазир, вакилону сенаторҳо иштирок доранд. Форум бо Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Ш. Мирзиёев оғоз ёфт, ки онро Раиси Сенати  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қироат кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Форум мовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзуллозода, вакилони парламент ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар кори Форуми мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок кард.

Форум аз ҳашт (8) бахш иборат буда, дар ду (2) рӯз масъалаҳои муҳимми гендерӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеа баррасӣ хоҳанд гашт.

​​​​​​​

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg