18 майи соли 2024 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ХХ-умин Фестивали анъанаҳои фарҳангӣ ва хӯрокҳои миллӣ, ки бо ташаббуси Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкори бо "Diplomatic Women's and Spouses' Club of Tashkent", ҳокимияти ноҳияи Алмазор ва ҶДММ "Qalqon PR MEDIA" баргузор гардид, ширкат варзид.
Дар чорабинӣ сафоратҳои муқими Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фаъолони маданӣ, ҳунармандон ва хабарнигорон иштирок карданд. Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивали мазкур муаррифии таърих, фарҳанг, санъат ва таомҳои миллии давлатҳои хориҷӣ буд.
Дар ҳошияи Фестивал дар гӯшаи миллии Тоҷикистон намунаи ҳунарҳои пурғановати мардумӣ, аз ҷумла сузанӣ, атлас ва адрас, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз сафол ва чӯб, сангҳои рангаи Тоҷикистон, кордҳо ва теғҳои истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишвари мо муаррифӣ шуданд.
Дар як қисми ин гӯша дастархони тоҷикӣ иборат аз хӯрокҳои гуногуни миллӣ ва шириниҳо ороста шуд.