Мулоқоти Сафир бо донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои Ӯзбекистон

28.05.2024 11:22

Рӯзи 25 майи соли 2024 Сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ доир намуд.

Дар аввал, Сафир донишҷӯён ва ҷавонони тоҷикистониро, ки дар Тошканд таҳсил ва кору фаъолият мекунанд, бо “Рӯзи ҷавонон” табрик гуфт.

Зимни суханронӣ А. Раҳмонзода муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, 9 марти соли 2024 баргузор гардид, шарҳ дод.

Инчунин оид ба ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва эълон шудани 25 май хамчун “Рӯзи байналмилалии футбол” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуд. Мавсуф иброз намуд, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон аҳаммияти судманд баҳри рушду пешрафти сулҳ, варзиш, ҳамдилӣ дӯстӣ дорад.

Дар рафти суҳбат Сафир роҷеъ ба пешравиҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои охир андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро оид ба дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон таъкид намуд.

А. Раҳмонзода оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолшавии созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, якпорчагии Ватан ва таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон андешаҳои муфид баён намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg