Ҳамкориҳо рушд менамоянд

19.08.2024 11:54

Рӯзҳои 16-17 августи соли 2024 барои баррасии хариду фурӯши барқи НБО "Роғун" миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон як ҳайати босалоҳият бо роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд сафари корӣ анҷом доданд.

Меҳмононро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо доир ба хариду фурӯши барқи НБО "Роғун" изҳори назар карда, дар охир миёни Директори генералии ҶСК НБО “Роғун” Х. Сафарзода ва Муовини аввали ҶС "Узэнергосотиш" Ш. Қарабоев қарордод ба имзо расонида шуд.

Дар мулоқот Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. Мирзомахмудов, Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Ҳамроев ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода иштирок намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg