Таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

02.09.2024 14:50

30 августи соли 2024 дар тарабхонаи “Регистон”-и шаҳри Тошканд ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони марказҳои миллӣ - фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ходимони илму фарҳанг, сенъат инчунин хабарнигорони васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Чорабинии идонаро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти Истиқлолияти давлатӣ ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеа ва рушди давлатдории миллӣ изҳори андеша кард. Инчунин, саҳми ду сарвари давлатро дар таҳкими муносибатҳои бародаронаи  халқҳои тоҷику ӯзбек назаррас таъкид намуд.

Илова бар ин, Сафири тоҷик ба ҳозирин ва ба ҳамаи ҳамватанони тоҷикистонии муқими Ӯзбекистон бахту саодат, сулҳу осоиш ва комёбиҳо орзу намуд.

Сипас, ба як қатор иштирокчиёни маҳфили идона, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии тоҷикӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд ва дар рушди забон, адабиёт, таърих, маориф ва фарҳанги тоҷик саҳмгузор мебошанд, унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, ба фаъолони тоҷиктабори кишвари дӯст, ки дар пешрафти муносибатҳои дӯстона саҳми шоиста гузоштанд, бо “Ифтихорнома” - и Сафорат сарфароз шуданд.

Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошукӯҳ таҷлил гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg