Баргузории Форуми байналмилалӣ дар Тошканд

05.09.2024 17:33

Рӯзҳои 4 - 5 сентябри соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалӣ дар мавзуи “Кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр баромад надоранд, оид ба амнияти озуқаворӣ ва ҳадафҳои  рушди устувор" баргузор гардид. Мақсади баргузории Форум муҳокимаи стратегияҳо оид ба тағйир додани сохтори озуқавории кишоварзӣ, табодули таҷриба ва дониш, дарёфти роҳҳо барои ҳалли мушкилоти умумӣ, инчунин ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор маҳсуб меёбад.

Дар кори Форуми байналмилалии кишоварзӣ ва агросаноатии Тошканд Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қурбонбой Ҳакимзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва шахсони дигари расӣ муаррифӣ карданд.

Дар ҳошияи Форум, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Ю. Абдураҳмонов мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкории ду давлатро дар соҳаи мазкур баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, Қ. Ҳакимзода бо Вазири кишоварзӣ, саноати сабуки Ҷумҳурии Муғулистон вохӯрӣ анҷом дода, доираи ҳамкориҳои ду кишварро дар самти кишоварзӣ баррасӣ кард.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg