2 ноябри соли 2024 дар толори Сафорат бо ташаббуси Роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати ҷашни 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни тоҷикистонии муқими шаҳри Тошканд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар аввал, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба аҳаммияти Конститутсия суханронӣ карда, дар бораи нақши созандаи он дар ҳаёти мардуми тоҷик изҳори назар намуд. Сафир, инчунин дар бораи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия, ворид кардани тағйироту иловаҳо ба он сухан гуфта, дар назди ҳозирин хидмати шоистаи Сарвари давлатро дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол муфассал шарҳ дод. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо шарафоти Конститутсия ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона бо бисёр давлатҳо, аз ҷумла бо давлати ҳамсояи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳким ёфта, дар чанд соли охир доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба сатҳи ҳампаймонӣ ва дӯстии абадӣ расида, дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ пешравиҳои чашмрас ба назар мерасанд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ Шурои донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Раиси нав, муовинон ва аъзои Раёсати Шурои донишҷӯёни муқими Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардид. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳайати нав баҳри татбиқи сиёсати ҷавонон дар кишвари ҳамсоя талош карда, ҷиҳати таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонон талош хоҳанд кард.