Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.11.2024 15:39

Рӯзи 14 ноябри соли 2024 дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади идона ба хотири таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода баромад карда, доир ба рамзи давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ табдил ёфтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуда, хидматҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол баён намуд.

Сипас, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, ки ба сафарӣ расмӣ ба Тошканд ташриф оварда буд, дар назди ҳозирин баромад карда, аз хидматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша кард.

Дар охири чорабинӣ М. Неъматзода ба чанд тан зиёиёну фаъолони тоҷиктабори Ӯзбекистон ва кормандони Сафорат мукофотҳои соҳавӣ тақдим намуд.

Чорабинӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg