Иштирок дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ

26.11.2024 17:52

26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Тошканд муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар вохӯрии 14-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Муовини якуми вазир зимни суханронӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мубориза бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва мушкилиҳои марбут ба тағйирёбии иқлим даъват ба амал овард.

И. Насредин ҳамчунин ширкаткунандагонро бо талошҳо ва иқдомҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ва ҳамоишҳои байналмилалии марбута шинос намуд.

Дар чаҳорчӯби ҷаласаи мазкур ҳамчунин дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти муовинони вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вазири корҳои хориҷии кишвари мизбон Бахтиёр Саидов баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg