Ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Инопром"

29.04.2025 18:37

Рӯзи 28 апрели соли 2025 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Ҳикматулло Холиқзода дар Намоишгоҳи саноатии байналмилалии "Инопром"Осиёи Марказӣ-2025, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзебекистон доир гардид, иштирок намуд.

Муовини аввали Сарвазир бо дастовардҳои кишвари ҳамсоя, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон шинос шуда, бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев, муовини аввали Сарвазири Федератсияи Россия Д. Мантуров мулоқот намуд.

Ҳамзамон, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни намоишгоҳ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Ш. Мирзиёев суҳбати кӯтоҳ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таҳкими муносибатҳои дӯстона изҳори назар карда, кооператсияи саноатиро миёни ду кишвари дӯст муҳим арзёбӣ намуд. Дар навбати худ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба сатҳу сифати намоишгоҳ баҳои баланд дода, равобити дуҷонибаро дар самти саноат муҳим таъкид кард.

Дар чорабинии мазкур муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg