27 ноябри соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исматулло Насредин эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев супорид.
Зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев расонид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафирро бо оғози рисолаташ табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳояш комёбӣ таманно намуда, оид ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун, ки ба манфиатҳои ду мардуми бародар ҷавобгӯ мебошанд, ибрози андеша кард.