14 апрели соли 2026 дар толори бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон брифинг доир ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Насредин маълумоти муфассал роҷеъ ба чорабинӣ, омодагиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028”, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ироа намуданд.
Инчунин, Сафир доир ба баргузории ҷаласаҳои мавзуӣ, чорабиниҳои канорӣ, форумҳо, таъсиси гӯшаи намоишгоҳи байналмилалӣ ва барномаҳои фарҳангӣ дар ҳошияи Конфронс, таъкид карданд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 30 намоянда, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷии муқими кишвари иқомат, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.