Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд

17.06.2026 10:34

16 июни соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Тошканд қарор дорад, мулоқот намуд.

Дар оғози суҳбат Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев паёми самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонда, иброз дошт, ки кишварҳои моро анъанаҳои неки чандинасраи ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва иттифоқчигӣ дар заминаи татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи хос ба дурнамои рушди муносибатҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика ва фарҳанг зоҳир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg