19-20 апрели 2019 шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг дар доираи Барномаи иштирок мизи мудаввар таҳти унвони “Хушунати хонаводагӣ: таҷриба, таҳқиқот ва пешгирӣ” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва вилояту навоҳии кишвар, олимон, мутахассисон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ баргузор намуд.
Дар чорабинӣ масъалаи зӯроварӣ, пешгирӣ ва рафъи омилҳои хушунати хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҷиҳати пешгирии хушунати хонаводагӣ аз ҷониби коршиносон барномаи амалии муштараки дорои тавсия ва пешниҳодҳои муфид таҳия гардид.