Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз

15.06.2021 12:43

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

 

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз 15 марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Адабиётшинос, мунаққид, фолклоршинос, забоншинос, фарҳангшинос, доктори илмҳои филология, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ, ходими давалтӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

А. Раҳмонзода соли 1978 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, соли 1983 онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Баъди хатми факултаи мазкур фаъолияти кории худро ба  сифати ассистенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик оғоз кардааст.

Солҳои 1985-1987 дар Ҷумҳурии Халқии Демократии  Афғонистон ба сифати тарҷумон ифои вазифа намуда, баъди ба анҷом расонидани он фаъолияти омӯзгории худро дар кафедраи фақуззикр идома додааст.  Аз моҳи ноябри соли 1987  то ноябри соли 1989 дар назди кафедраи адабиёти сермиллати Шӯравии факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломаносов таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос намуда, моҳи декабри соли 1989 ба Ватан баргашта, корро дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин идома додааст. Соли 1991 дар Шӯрои ҳимояи Институти забон ва адабиёти тоҷики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» дифъ намудааст.

А. Раҳмонзода баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ фаъолияти кориашро дар кафедраи болозикр пеш бурда, курсҳои махсус ва курсҳои амалӣ гузаронида, ба донишҷӯён аз фанни таърихи адабиёти тоҷик, назарияи адабиёт, муқаддимаи адабиётшиносӣ, адабиёти Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид, устурашиносӣ дарс гуфтааст. Дар баробари ин  мақолаҳои илмию методӣ интишор намуда, соли 1993 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур интихоб шудааст. Вай бо қарори Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз моҳи январи соли 2002 сазовори унвони дотсент гардидааст.

А. Раҳмонзода солҳои 1995-1998 ба сифати мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар ин вазифа бо ташаббуси номбурда бори аввал нақшаҳои таълимии бакалавр ва магистри равия ва ихтисосҳое, ки дар муассисаи мазкур таълим дода мешуданд, таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Ҳамзамон зери таҳрир ва роҳбарии вай якчанд маҷмӯаи мақолаҳои методӣ ба нашр расидаанд. Дар баробари ин бо пешниҳоди ӯ дар Донишгоҳи мазкур конференсияи байналмиллалӣ дар мавзӯи “Ислоҳоти соҳаи маориф – омили беҳтар шудани сифати таълим дар низоми таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардидааст.

А. Раҳмонзода моҳи марти соли 1998 ба хотири таҳияи рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, ба навиштани мақола ва таълифи рисолаҳои илмӣ машғул шуда, ду рисола ва якчанд мақолаҳои илмиро интишор намудааст.

А. Раҳмонзода моҳи ноябри соли 1999 дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи доктории худро дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илмҳои филологӣ гардидааст. Баъди ҳимояи рисолаи докторӣ корро дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст. Бо  Фармони Хадамоти федералӣ доир ба назорат дар соҳаи маориф ва илми Федератсияи Россия моҳи сентябри соли 2007 ба ӯ уновни профессор дода шудааст.

А. Раҳмонзода моҳи марти соли 2000 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то моҳи майи соли 2003 дар вазифаи мазкур фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2003 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол гардидааст.

Номбурда дар даврони фаъолияти корӣ баробари иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ба таҳияи мақолаҳои илмӣ машғул шуда, дар якчанд симпозиуму конфронсҳои сатҳи баланд маърӯза намудааст.

А. Раҳмонзода моҳи апрели соли 2004 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, дар ин мақом то соли 2005 фаъолият кардааст.

 А. Раҳмонзода дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 то январи соли 2012 ба сифати вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар ин давра якчанд рисола, дастур ва мақолаҳои илмиву оммавӣ ба таъб расонидааст.

 А. Раҳмонзода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2012  то декабри соли 2014 ба сифати ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.

 А. Раҳмонзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2014  то 4 майи соли 2021 ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор кардааст.

А. Раҳмонзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  4 майи соли 2021 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин шудааст.

 Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.

 

А. Раҳмонзода ба сифати адабиётшинос, мунаққид ва маорифчӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуда, таҳти назари ӯ даҳҳо мақола, рисола, дастур, барномаю воситаҳои таълимӣ, маҷмӯаҳои илмӣ чоп гардидааст. Зери роҳбарии ӯ чор нафар рисолаи докторӣ ва ҳафт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

А. Раҳмонзода аз солҳои донишҷӯӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт ва фарҳанг мақолаҳои илмӣ - оммавӣ таълиф намуда, минбаъд ин анъанаро идома додааст. Вай дар мавзӯи категорияҳои замону макони бадеӣ таҳқиқот ба анҷом расонда, дар ин мавзӯъ мақола ва рисолаҳои илмӣ  интишор намудааст, ки: «Консепсияи шахсият ва замони бадеӣ дар повести “Шоҳии Япон”- и Фазлиддин Муҳаммадиев» (1990), «Таркиби замони бадеӣ дар повести «Як рӯзи дароз» - и Ӯрун Кӯҳзод» (1990),  “Инсонгароӣ ва муаммои он дар эҷодиёти Ҳамадонӣ” (1995), “Проблемаи омӯзиши устура аз нигоҳи М. Шукуров” (1996),) “Ташаккул ва таҳаввули жанрҳои адабӣ дар насри муосири тоҷикии даврони Истиқлолият”(2014), рисолаҳои «Маърифати замон» (1996), “Манбаъҳои асотирӣ ва ривоятӣ дар адабиёти тоҷики охири садаи Х1Х ва авали садаи ХХ” (2014)  аз ҳамин қабиланд.

А. Раҳмонзода инчунин дар таҳияи барномаҳои таълимӣ иштирок намуда, барномаҳои «Адабиёти садаи ХХ форсии тоҷикӣ» (ҳамроҳи Х.Асозода; 1995) ва «Устурашиносӣ» (2007), “Барномаи таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ” (2014) - ро таълиф  намудааст.

А. Раҳмонзода дар рисолаҳои «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷик (1999), «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсии тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» (2004) дар адабиётшиносии тоҷик бори аввал оид ба проблемаи пайдоиш, ташаккул ва рушди устураҳо таҳқиқот ба анҷом расонида, доир ба арзиши манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ назари нав пешниҳод намудааст. Ҳамчунин, номбурда дар чопи “Куллиёт” - и   Шоҳин (2005) саҳм гузошта, дар пешгуфтор хидмати шоистаи шоирро дар адабиёти тоҷикӣ муайян кардааст. Вай инчунин дар асоси Куллиёти мазкур рисолаи «Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ»-ро (2006) таълиф намуда, мақоми шоирро дар рушди ғазалсароӣ равшан намудааст.

А. Раҳмонзода баробари ин дар соҳаи забоншиносӣ мақолаҳои алоҳида таълиф намудааст, ки: «Омилҳои беҳтар намудани тарҷумаи ислоҳоти ҳуҷҷатҳои расмӣ» (2001), «Истиқлол ва масъалаи рушди забони тоҷикӣ» (2001), «Нақши забони тоҷикӣ дар рушди низоми маориф» (2008), Забони тоҷикӣ ва нақши он дар рушди маориф ва илм (2009), аз ҳамин қабиланд.

А. Раҳмонзода дар рушди маорифи ватанӣ саҳми назаррас гузошта, доир ба мушкилоти соҳа рисолаву мақолаҳои зиёд таълиф намудааст. Мақолаҳои ӯ, аз қабили: “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов дар инкишофи соҳаи маориф” (2006), “Маориф дурнамои нек дорад” (2007), “Ислоҳот ба рушди маориф мусоидат намуд” (2009) Рушди маориф - омили пешрафти мамлакат» (2014) муаммоҳои мухталифи соҳаи маорифро дар бар мегиранд. Рисолаи “Дирӯз ва имрӯзи маорифи Тоҷикистон” (2011) бошад, аз таърихи ташаккули маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумот медиҳад. Дар рисолаи «Одоби салом» (2010) арзиши ахлоқии «салом» барои наврасон ва навҷавонон шарҳ дода шудааст. Номбурда дар таҳияи як қатор қонунҳо, таълифи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои соҳаи маориф ширкати бевосита кардааст. Маҳз бо ташаббуси ӯ ислоҳот ва навсозӣ дар низоми таҳсилот оғоз шуда, бори аввал дар замони соҳибистиқлолӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушди маориф барои то соли 2020” қабул гардидааст.

А. Раҳмонзода лоиҳаи китоби «Муқаддимаи низоъшиносӣ» - ро барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ карда, соли 2006 бо ин ном китоби дарсии мазкурро аз чоп баровардааст, ки муқаддима ва боби «Фарҳангу низоъ»-и он ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ҳамзамон, ӯ муаллифи «Стандарти фанни адабиёти тоҷик» (2013, барои синфи ХI) ва китоби дарсии «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» (2014) мебошад.

А. Раҳмонзода дар соҳаи фарҳанг низ таълифоти зиёд дошта, чеҳраҳои барҷастаи санъати миллӣ ва ҷаҳониро ба хонандагони тоҷик муаррифӣ намудааст. Ӯ дар бораи драматургони Юнони қадим, ба монанди Эсхил, Софокл, Аристофан, рассомони шинохтаи рус, аз қабили Димитрий Левитский, Иван Айвазовский, Иля Репин, Василий Суриков, чеҳраҳои ҳунарии тоҷик, аз қабили Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Аслӣ Бурҳонов, Ҳошим Гадо, Убайдулло Раҷаб ва санъати мусиқии Шарқ – “Шашмақом” ва “Фалак” мақолаҳо навиштааст.

Рисолаҳои А. Раҳмонзода ба хатти форсӣ низ чоп гардидаанд. Китоби ӯ «Назария ва сайри таърихии устура ва устурапардозиҳо дар адабиёти форсии тоҷикӣ» соли 2009 дар нашриёти «Мадраса»-и Ҷумҳурии Исломи Эрон аз чоп баромадааст. Соли 2011 рисолаҳои ӯ «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ ва «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» бо таҳриру иловаҳо ба хатти форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфта, пешниҳоди форсизабонон шудааст.

А. Раҳмонзода солҳои охир дар бораи адибони классик ва муосири тоҷик, шоирону нависандагони халқҳои ИДМ ва проблемҳои муҳимми адабиётшиносӣ китобу рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ навиштааст, ки намунаҳояш инҳо мебошанд: “Таъсири асотир ба тафаккури бадеии Абулқосим Фирдавсӣ” (2012), “Тасвири ҷаҳони эстетикии инсон дар эҷодиёти Искандара Хатлонӣ” (2013); “Категорияи замони бадеӣ дар насри муосири тоҷик” (2013); Гуфтугӯи тамаддунҳо -  омили муҳимми ҳамгироӣ (2013); “Таҳаввул ва ташаккули жанрҳои бадеӣ дар насри муосири тоҷики замони Истиқлол” (2013); “Белинскии тоҷик” (2014);  “Меҳргон дар гузашта ва имрӯз” (ҳамроҳи Равшани Раҳмонӣ) (2016); Нақши Иржи Бечка дар тарғиби фарҳанги тоҷикон” (2016); “Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек” (2018); “Ҳаёт, адабиёт, воқеият”. Китоби 1 (2019); “Дарки замон. Категорияи замони бадеӣ дар насри муосири тоҷикӣ (ба забони русӣ, 2020) ва ғайраҳо. Китоби ӯ “Пешвои хирадсолор” (2021) дар бораи нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илм, маориф, инчунин татбиқи таҳаввулоти фарҳангӣ дар кишвар маълумот медиҳад.

Бо нишони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1977), ордени «Шараф» (2006), Ифтихорномаи Кумитаи Иҷроияи кишварҳои узви ИДМ (2012) мукофотонида шудааст.

Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg