17 майи 2019 дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимаи масъалаҳои Конфронси имрӯза, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосири ба амнияти кишварҳои минтақа таъсиргузор, иброз доштанд, ки танҳо ҳамгироии кишварҳо ва муборизаи муштарак имкон фароҳам меорад то ин вабои аср аз байн бурда шавад.
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани кори конфронс, пешсафии кишвари мо дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда истодааст ва ҳукумат ва мардумони ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.