28 августи соли 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Имомӣ дар ҳайати иборат аз Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т.Худойбергенов, Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Неъматов ва Ҳокими вилояти Фарғона Ш.Ғаниев аз вилояти Фарғона дидан намуд.Бояд зикр намуд ноҳияи Сухи вилояти Фарғона яке аз ноҳияҳои дурдасти вилоят ба шумор меравад, ки 80 ҳазор аҳолӣ дорад ва 99 фисади онро тоҷикон ташкил мекунанд. Дар ҳудуди ноҳия 29 мактаби таълимашон ба забони тоҷикӣ амал мекунанд.
Дар рафти сафар маросими ифтитоҳииншоотҳои нави зерин аз ҷониби Ҳокимияти вилояти Фарғона ташкил карда шуданд:
- бинои нави миёна дар деҳаи Чашмаи н.Сух
- боғчаи бачагона
- бинои таъмиршудаи Кохи фарҳанг дар маркази ноҳияи Сух
- корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Сух
Пасон боздид аз деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Фарғона сурат гирифт, ки дар рафти он корхонаи истеҳсоли пойафзол ифтитоҳ ёфт.