5 октябри соли 2019 дар бинои Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи: “Забон оинаи миллат” баргузор шуд.
Дар он маҳфил олимону коршиносони соҳаи забоншиносии муассисаҳои илмӣ, намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, устодон ва донишҷуёни донишгоҳҳои Тошканд, намояндагони корпуси дипломатӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму адаб ва инчунин вазифаҳои дар назди мақомоти давлатӣ ва доираҳои илмӣ роҷеъ ба мутобиқгардонии забон ба шароити муосир ва таҳкими пояи илмии он иттилоъ дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши бузурги забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорию пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, қайд карда шуд.
Дар охири чорабинӣ донишҷуёни макотибҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар бахшҳои омӯзиши забони форсӣ-тоҷикӣ таълим мегиранд, аз эҷодиёти адибони классикию муосир бо забони тоҷикӣ қироат карда шуд.