Сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

07.10.2019 21:31

IMG-3421-254x169.jpg  06.10.2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси   Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов  ба Ҷумҳурии Узбекистон бо сафари расмӣ ташриф овард.

 Дар доираи ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров бо  Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев,   Раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов вабо  Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила   Нарбаева мулоқот намуд.

 Зимни мулоқотҳои судманду самимӣ ҷонибҳо таъкид намуданд, ки парламентҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар раванди инкишофи ҳамкориҳои сиёсӣ,   амниятӣ,тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии байни Тоҷикистону Узбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид пайваста сайю талош   менамоянд.

Худи ҳамон рӯз Созишнома байни  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистоноид ба ҳамкории байнипарламентӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Палатаи қонунгузор Нурдинҷон Исмоилов ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg