18 ноябри соли 2019 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ бо Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Артикхоҷаев баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ- гуманитарӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд матраҳ шуд.