Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳтироман ба диққати Шумо мерасонад, ки рӯзи якшанбе 11 октябри соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар бинои Сафорат, воқеъ дар шаҳри Тошканд, н. Яккасарой, кӯч.Абдулло Қаҳҳор, гузаргоҳи 6, х.61, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар робита ба ин, аз ҳамаи Шумо ва аъзои оилаи муҳтараматон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, даъват менамоем, то дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоед.
Лутфан бо худ гирифтани шиносномаро фаромуш накунед.
Бо эҳтиром,
СафоратиҶумҳурииТоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Суроға:ш. Тошканд, н. Яккасарой, кӯч.Абдулло Қаҳҳор, 6, х.61.
Телнфон: (+99871)215-67-75; (+99871)254 -84- 13; (+99871) 215-67-80.
Почтаи электронӣ: tajembuz@mfa.tj