16 декабри 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ аз вилояти Намангони Ӯзбекистон боздид намуд.
Дар чаҳорчӯби сафар мулоқоти Сафир бо Ҳокими вилояти Намангон Шавқатҷон Абдуразоқов баргузор гардид. Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобил ва мавқеъгириҳои тарафайнро таъкид карда, омодагии хешро баҳри густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, сайёҳӣ ва фарҳанг изҳор карданд.
Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон аз корхонаҳои истеҳсолии саноатии хурду миёнаи Намангон, ки дорои имкониятҳои васеъ барои ҳамкории дуҷониба мебошанд, дидан намуд.