Боздид аз ҷамоати “Эшонобод” ноҳияи Чинози в. Тошканд

15.12.2020 23:57

15 декабри 2020 дар доираи барномаи “Деҳаи обод" (“Обод қишлоқ”) бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздиди сафирони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия аз ҷамоати “Эшонобод”-и нояҳия Чинози вилояти Тошканд бо мақсади шиносоии аз як қатор иншоотҳои навбуниёд сурат гирифт. Дар он сафар дипломатҳои хориҷиро мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазири ҳолатҳои фавқулодда, сенатор Т.Худойбергенов, муовини вазири корҳои хориҷии ҶӮ И.Неъматов ва роҳбарони як қатор идораҳои марказӣ ва маҳаллӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни сафар боздиди дипломатҳои хориҷӣ аз кӯдакистони №17 ин ҷамоат, ки дар онҷо ҳудуди 100 нафар кӯдакон аз миллатҳои мухталиф, аз ҷумла ӯзбек, тоҷик, казоқ ва қирғиз ба таълиму тарбия фаро гирифташуданд, сурат гирифт. Дар ин кӯдакистон 30 нафар кӯдакони тоҷик низ таълим мегиранд.

 Ҳамчунин меҳмонон аз раванди кори коргоҳи дӯзандагӣ, мактаби №20, боғи этникӣ, қасри фарҳан ва иншоотҳои варзишии ҷамоати мазкур дидан намуданд. 

Дар доираи сафар мусоҳибаи сафир бо хабарнигорони телевизион, радио ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба забони тоҷикӣ сурат гирифт ва он аз тариқи шабакаи “Ӯзбекистон 24” шоми ҳамон рӯз пахш гардид.

4-1.jpg

8-1.jpg

7-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg