13 майи 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Пас аз маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Сафир бо Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Сафири Тоҷикистон дар бораи дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам густариши муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба манфиатҳои ду мардуми бародар ҷавобгӯ мебошанд, маълумот дод. А.Раҳмонзода инчунин итминон дод, ки омодааст барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба кӯшиши зарурӣ ба харҷ диҳад.
Ҳамчунин Сафир бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот анҷом дод.