Рӯзи 2 июли 2021 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва омода намудани нақшаи чорабиниҳои муштараки ҳамкорӣ суҳбат намудаанд.
Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2008 таъсис ёфта, айни ҳол дар 8 вилоят ва 2 шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон фаъолият менамояд.