Рӯзи 1 июли соли 2021 ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиё Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар нишасти мазкур муовинони вазирони корҳои хориҷии ОМ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва муовини намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амнияти ИА ширкат варзиданд.
Тоҷикистонро дар кори ҷаласа муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода намояндагӣ намуданд.
Ширкаткунандагон атрофи мавзӯҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИА ва Афғонистон, пешгирӣ ва бартараф намудани паёмадҳои пандемияи COVID-19, мубориза бо чолишҳои амниятӣ ва таъмини талошҳои муштарак дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
Зимни ҷаласа ҷониби Афғонистон аз вазъи мураккаби ба миён омада, дар минтақаҳои шимоли ин кишвар иттилоъ дод.
Ҳайатҳо пиромуни пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист ибрози андеша карданд.